Ассалому алейкум мӯҳтарам иштирокчиёни лоиҳаи Ҷавонон барои рушди устувор 2023

Шуморо ба муносибати интихоб шуданатон ҳамчун иштирокчии лоиҳа табрик ва муборакбод мегӯем. Бигзор ин як қисми муваффақияти мову Шумо бошад.

Мехостем якчанд якчанд масъалаҳоро бо Шумо баррасӣ кунем:

📍Ҷои баргузорӣ: Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон (Қайроққум) Бари Баҳористон.

🪪 Ҳангоми омадан бо худ шиноснома дошта бошед

💊 Агар ба ягон намуди дору эҳтиёҷ дошта бошед онро бо худ гиред

🎒Либосҳои дилхоҳ гиред (ягон намуди либос ҳатмӣ нест)

🏢 Дар меҳмонхонаи Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон (Қайроққум) ҷойгир карда мешавед

🍽 Дар мактаб наҳорӣ, чой ва қаҳва, хуроки нисфирӯзӣ ва хуроки шом пешниҳод карда мешавад

🛍 Ба ҳама туҳфа омода карда шудааст

🚘 Онҳое, ки аз Айнӣ, Куҳистони Мастчоҳ, Панҷакент меоянд санаи 21.07.2023 ба роҳ бароед. То шом ё шаб омада расидан зарур аст.

🚖 Онҳое, ки аз Ҷ.Расулов, Хуҷанд ва Спитамен меоянд, санаи 22.07.2023 ба роҳ бароед. То соати 08:30 ба ҷом баргузорӣ расидан зарур аст. Тавсия медиҳам, ки бо таксии фирма биёед. Бо воситаи барнома квитанция мегирем ва дар асоси он маблағи роҳ пардохт карда мешавад.

💰 Ҳангоми омадан маблағи роҳ пардохт карда мешавад аз тарафи мо. Барои он, ки маблағи роҳ пардохт карда шавад аз ронанда хоҳиш кунед, ки чунин ҳуҷҷатҳоро (шаҳодатномаи ронандагӣ, патент, расид оид ба пардохти андози моҳи июл ва забонхат) бо худ гиред.
Агар саволҳо пайдо шавад дар ин масъала бо Азизҷон Ҷураев дар тамос шавед: 927133056

Вақти омада расидан мо Шуморо қабул карда мегирем ва маблағи роҳро ба такси пешниҳод мекунем.

Маълумот дар бораи лоиҳаи “Ҷавонон барои рушди устувор”

Лоиҳаи “Ҷавонон барои рушди устувор” аз 2022 инҷониб бо иштироки ҷавонони шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент ва Куҳистони Мастчоҳ аз ҷониби
Ташкилоти ҷамъиятии “Ибтидо” роҳандозӣ карда шуда истодааст.

Мақсади лоиҳа муттаҳиднамоии ҷавонони шаҳру ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон барои мусоидат бо иштироки шаҳрвандон дар раванди қабули қарорҳо, инчунин тақвияти ҳамкории онҳо бо мақомотҳои давлатӣ бо роҳи омӯзиш, рушди малака, ва дастгирию пешбурди ташаббуси онҳо.

Дар доираи лоиҳаи мазкур бо ҷавонон вохӯриҳо, мактаби омузишӣ гузаронида мешавад, инчунин барои ҷавонони фаъол барои амалигардонии ташаббусашон грантҳои хурд дода мешавад. Кормандону менторон ТҶ “Ибтидо” барои такмили лоиҳаҳои ҷавонон ва амалигардонии онҳо кӯмак мерасонанд.

Иштирокчиён пас аз амалигардонии лоиҳаҳо, таҷрибаҳои худро дар вақти иштирок дар форум мубодила мекунанд, оид ба бурду бохти лоиҳаҳо мегӯянд ва пешниҳодҳояшонро изҳор мекунанд.