Маълумот дар бораи лоиҳа
Салом Водии Зарафшон, Лоиҳаи “Ҷавонон барои рушди устувор” – ро оғоз намудем! Аз Мастчоҳ, Панҷакент, Яғноб, Айни ҳастед? Ё ин ки ягон дӯст ё шиносе доред ки аз он ҷост? Пас ин лоиҳаи барои шумост! Инчунин ҷавонон аз шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Ҷаббор Расулов иштирок карда метавонанд. Лоиҳаи “Ҷавонон барои рушди устувор” аз моҳи марти 2022 бо иштироки 45 нафар ҷавонони шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент ва Мастчоҳи кӯҳи аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Ибтидо” роҳандози карда мешавад. Мақсади лоиҳа муттаҳиднамоии ҷавононии шаҳру ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон барои мусоидат ба иштироки ҷавонон дар раванди қабули қарорҳо, инчунин тақвияти ҳамкории онҳо бо мақомотҳои давлати ба роҳи омӯзиш, рушди малака ва дастгирию пешбурди ташаббуси онҳо. Дар доираи лоиҳаи мазкур бо ҷавонон вохӯриҳо, мактаби омӯзиши гузаронида мешавад. Инчунин барои ҷавонони фаъол барои амалигардонии ташабуссашон грантҳои хурд дода мешавад. Кормандону менторони Ташкилоти ҷамъиятии “Ибтидо” барои такмили лоиҳаҳои ҷавонон ва амалигардонии онҳо кӯмак мерасонад. Иштирокчиён пас аз амалигардонии лоиҳаҳо, таҷрибаҳои худро дар вақти иштирок дар форум мубодила мекунанд, оид ба бурду бохти лоиҳаҳо мегуянд ва пешниҳодҳояшонро изҳор мекунанд.
СМС-код *