Аъзоёни 15 гуруҳҳои ташаббускор, ки дар ноҳияҳои Айнӣ, Мастчоҳи Куҳӣ, шаҳри Панҷакент, Хуҷанд таъсис меёбанд ба Форуми “Ҷавонон барои рушди устувор” даъват карда мешаванд.Онҳо аз таҷрибаи амалӣ намудани лоиҳаи хурди иҷтимоӣ, ҳамкори бо сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ қисса мекунанд. Оид ба дастовардҳои лоиҳа, муаммоҳои пеш омада ва ҳалли онҳо табодули таҷриба мекунанд.Пахши мустақим низ бо воситаи саҳифаҳои ташкилот роҳандозӣ мегардад. Шояд ҳатто шароити пешниҳоди саволҳоро низ ба иштирокчиёни онлайн пайвастшуда низ фароҳам орем. Ба ҳар як иштирокчии фаъол, диплом дода мешавад. Инчунин се гуруҳи беҳтарини ташаббускор эълон гардида ба онҳо туҳфаҳо супорида мешавад.Ин чорабинӣ дар аввали соли 2023 ташкил хоҳад шуд. Пеш аз ин Шумо бояд якчанд марҳиларо гузаред. Масалан пешниҳоди дархост барои иштирок дар лоиҳаи Мактаби “Ҷавонон барои рушди устувор”Дархости онлайниро пур кунед:https://ibtido.tj/anketa

Бояд гуфт, ки чанд рӯз пеш барои ҷавонони шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ ва Мастчоҳи Куҳӣ вохӯриҳои иттилоотӣ гузаронида, онҳоро аз имкониятҳои лоиҳа шинос намуданд. Маълумоти зиёдтар оид ба лоиҳа дар ин ҷой: https://www.facebook.com/ibtidotj/posts/343787497794528

#ibtido#dawn#начало#ибтидо#точикистон#сугд#айни#панчакент#ned