Акнун дархостҳои Шуморо қабул мекунем
Шумо дар шаҳри/ноҳияи Айнӣ, Панҷакент, Мастчоҳи Куҳӣ ё Хуҷанду атрофи он ҳастед?
Пас ин имконият барои Шумост.
Чанд вақт пеш эълон карда будем, ки лоиҳаи “Ҷавонон барои рушди устувор” – ро оғоз мекунем (https://www.facebook.com/111262874380326/posts/343787497794528/?d=n).
Акнун қабули дархостҳоро барои иштирок дар Мактаби “Ҷавонон барои рушди устувор” ва лоиҳаи мазкур эълон мекунем.
Пас аз супоридани дархост ва гузаштан аз ҳамаи давраҳо ба Шумо имконияти иштирок дар чорабиниҳои зерин пешниҳод мешавад:
сессияҳои иттилоотӣ (дар маҳали зистатон);
вохӯриҳои омӯзишӣ (дар ҷойи зистатон);
мактаби “Ҷавонон барои рушди устувор”;
амалинамоии лоиҳаҳои хурд;
ва иштирок дар форум.
Тибқи дархостҳо 45 нафар ҷавононро қабул мекунем.
Дархостро барои иштирок дар озмун ба воситаи сомонаи Ташкилот пур кунед: https://ibtido.tj/anketa
Оид ба натиҷаи дархост ба Шумо хабар медиҳем.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба ин рақам бо воситаи Telegram, WhatsApp дар тамос шавед: +992 92 720 3002
#ibtido #dawn #начало #ибтидо #точикистан #сугд #айни #панчакент #ned