Лоиҳаи “Ҷавонон барои рушди устувор” аз моҳи марти соли 2022 бо иштироки 45 нафар ҷавонони шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент ва Мастчоҳи Куҳӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Ибтидо” роҳандозӣ карда мешавад.
Мақсади лоиҳа муттаҳиднамоии ҷавонони шаҳру ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон барои мусоидат бо иштироки шаҳрвандон дар раванди қабули қарорҳо, инчунин тақвияти ҳамкории онҳо бо мақомотҳои давлатӣ бо роҳи омӯзиш, рушди малака, ва дастгирию пешбурди ташаббуси онҳо.
Дар доираи лоиҳаи мазкур бо ҷавонон вохӯриҳо, мактаби омузишӣ гузаронида мешавад, инчунин барои ҷавонони фаъол барои амалигардонии ташаббусашон грантҳои хурд дода мешавад. Кормандону менторон ТҶ “Ибтидо” барои такмили лоиҳаҳои ҷавонон ва амалигардонии онҳо кӯмак мерасонанд.
Иштирокчиён пас аз амалигардонии лоиҳаҳо, таҷрибаҳои худро дар вақти иштирок дар форум мубодила мекунанд, оид ба бурду бохти лоиҳаҳо мегӯянд ва пешниҳодҳояшонро изҳор мекунанд.