Мо яъне Ташкилоти ҷамъиятии “Ибтидо” Рӯзи байналмиллалии Ҳуқуқи Инсонро бо ҷавонони шаҳри Хуҷанд ҷашн гирифтем. Дар ҷашни Ҳуқуқи Инсон чиҳо гузашт?-намоиши филми кутоҳ -лексияи хурд оид ба Ҳуқуқи Инсон-кор дар гуруҳҳо -квиз бо туҳфаҳои арзандаЧорабиниро Директори ТҶ “Ибтидо” Раҳимова Хуршеда ва Намояндаи Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе Вафо Сафарзода ифтитоҳ намуданд. Собиров Суҳробҷон, Роҳбари Ширкати ҳуқуқии “Мушовир” оид ба “Фаҳмиш ва арзиши ҳуқуқи инсон” машғулият доир намуданд. Фахриддин Фузайлов, Ҳуқуқшиноси ТҶ “Ибтидо” оид ба мавзӯи “Механизҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон” машғулият гузарониданд.Мо хело шодем, ки дар ин чорабинӣ Номояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд, Ҳабиба Ҳомидова оид ба мавзӯи “Нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳимояи ҳуқуқи инсон” баромад намуданд. Ташаккур барои ташрифатон.Дар охир вобаста ба шартҳои озмун ба ғолибон туҳфаҳо супорида шуд. Чорабинии мо дар American Space Khujand, дар ҳамкорӣ бо Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе ва Sigrid Rausing Trust бо иштироки зиёда аз 40 нафар ташкил ва гузаронида шуд. Пагоҳ, яъне санаи 10 уми декабр дар шаҳри Исфара айнан чунин чорабинӣ гузаронида мешавад.