Машваратҳо барои фондҳои ҷамъиятӣ, фондҳои хайриявӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои ғайритиҷоратӣ, ассосиатсияҳо ва он нафароне, ки дар чунин шаклҳои шахси ҳуқуқӣ кор мекунанд, хизмат мерасонанд ё аъзо ҳастанд расонида мешавад.

Шумо имкон доред, ки машваратҳои ҳуқуқӣ гирифта, фаъолияти худро дар асоси қонунгузории Тоҷикистон ба роҳ монед:)

Инчунин ба шахсони воқеӣ барои таъсиси ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ машваратҳои ҳуқуқӣ медиҳем.

Машваратҳои ҳуқуқӣ дар чунин самтҳо:

– таъсис ва бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ;

– ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилотҳо;

– муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатӣ;

– масъалаҳои андозандӣ;

– пешниҳоди ҳисобот ба мақомотҳои ваколатдор;

– дигар машваратҳои ҳуқуқие, ки барои дуруст ба роҳ мондани кор дар ташкилотҳо мусоидат мекунад.

Ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе то ҷумъа аз соати 09:00 то 18:00 барои машваратҳои ҳуқуқӣ занг занед ва ё ба Ташкилоти ҷамъиятии “Ибтидо” биёед.

📱Телефон: +992(92)7341005

📧Почтаи электронӣ: fahriddin.fn96@gmail.com

📍Суроға: шаҳри Хуҷанд, хиёбони И.Сомонӣ 183 а, утоқи 8 (қафои Кохи Рӯдакӣ)

Бо эҳтиром, Фахриддин Фузайлов – Ҳуқуқшинос

#USAID#ICNL_Tajikistan#консультация#юрист#ibtido#нотабене#LSP